Тақвияти тарбияи экологии хонандагон
Душанбе, 3.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 –и шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мактаб ва муассисаҳои иловагӣ дар таълими экологии хонандагон» баргузор гардид.
Дар ҷараёни мизи мудаввар муовини директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ғ. Қараев дар маърӯзаи хеш муаммоҳои маърифати экологиро чун қисми таркибии таълиму тарбияи экологии хонандагон дар мактаб баррасӣ намуда, роҳҳои ривоҷ додани ин фаъолиятро ба иштирокчиён пешниҳод кард.
Сардори иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази экологии ҷавонон Ю. Скочилов ба толибилмон истифодаи маводи мултимедиявӣ, аз ҷумла истифодаи «Пакети сабз»-ро дар таълими экологии хонандагон нишон дод, ки ба ҳалли муаммоҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ бахшида шудаанд. Ҳамзамон корманди маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист С. Содиқова оид ба фаъолияти кумита ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии муҳассилини макотиби умумӣ, гузаронидани озмунҳою семинарҳо ва ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, обуна ба рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» ҳарф зад.
Дар анҷом аъзои маҳфили «Экологҳои ҷавон»-и мактаби №24 дар назди иштирокдорон барномаи фарҳангӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист-ро намоиш доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






