Таҷлили 600-солагии Ҷомӣ дар Олмон
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҷиҳати таҷлили 600-солагии зодрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва гиромидошти солгарди забони тоҷикӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси илмӣ бахшида ба ин ду ҷашни муҳим олимону донишмандон ва шарқшиносони Олмон, намояндагони дипломатии корпуси дипломатӣ, намояндагони диаспораҳои форсизабонони Олмон, инчунин устодони муассисаҳои илмӣ ва донишҷӯёну толибилмони факултаҳои шарқшиносӣ иштирок доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин баромад намуда, мавқеъ ва мартабаи Абдураҳмони Ҷомиро на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун мутафаккири замони худ дар рушди тамаддун ва адабиёти форсу тоҷик баланд арзёбӣ кард. Дар ин росто, саҳми асарҳои таълифнамудаи ӯ ҳамчун маъхазҳои муҳими илмию таърихӣ ва ганҷинаи нотакрори мардумони форсизабон қайд гардид.
Дар идомаи конфронс раиси ҷамъияти Тоҷикистону Олмон доктор А. Ҳайзер, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Матлуба Хоҷаева, Замира Ғафорова ва Нуралӣ Нуров бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар бораи сатҳи кунунии омӯзиши асарҳои Мавлоно Ҷомӣ иттилоъ доданд.
Боиси зикр аст, ки асарҳои таълифнамудаи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯзҳо дар доираҳои илмии кишварҳои Ғарб, назири Олмон қадрдонӣ гардида, онҳо аз лиҳози забоншиносӣ, таърихнигорӣ, маҳорати номанависӣ ва услуби мухобироти расмӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор доранд. Асарҳои Мавлоно Ҷомӣ ҳанӯз охирҳои қарни 17 ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума гардида буданд. Мавлоно ҳамчун шоири дорои сабки дарӣ дар Девони «Шарқу Ғарб»-и Гёте шахси барҷаста ва борикбин қаламадод гардидааст.
Дар анҷоми чорабинӣ бо ибтикори Сафорат филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккири тоҷик нишон дода шуда, ҳамчунин намоишгоҳи китобҳои ӯ ташкил гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






