Таҷлили иди касбии кормандони бахши фаврӣ

Октябрь 7, 2014 11:38

Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- 5-уми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони бахши фаврӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои корманди вазорати мазкур Хусрав Солеҳов, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва кормандони самти фавриро бо рӯзи таъсисёбиашон   табрик намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ таманно намуд. Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки мақомоти милитсияро бе сохтори кофтукови ҷиноятӣ наметавон тасаввур намуд, зеро асоси фаъолияти ин ниҳодро маҳз ранҷу заҳмати  кормандони кофтукови ҷиноӣ ташкил дода, фаъолияти дигар ҷузъу томҳо аз натиҷаи кори онҳо сарчашма мегиранд.
Дар  чорабинии тантанавӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ     барои хизматҳои софдилона ва содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни таъсисёбии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон   бо нишонҳои сарисинагии «Корманди беҳтарини фаврӣ»,  «Барои хизматҳои аъло дар ВКД»,  медали «Барои хизмати шоён» ва  тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
 
 

Октябрь 7, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!