Таҷлили Рӯзи куҳансолон дар ДДХ
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи куҳансолон мулоқоти ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов бо собиқадорони ин тадрисгоҳ доир гардид.
Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, Ғафурҷон Усмонов бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти беҳбуди зиндагии собиқадорон ва арҷ гузоштан ба хизматҳои куҳансолон, пирони хирад ва бознишастагон афзуд, ки ёди гузаштагону аёдати беморон, мадад ба барҷомондагону бепарасторон, дастгирии ятимону маъюбон, русуми зоҳиру ботинро пок намудан, бахшоиши гуноҳ ва ба ин монанд фазилатҳои некро метавон ҳамчун як фарҳанги нодири инсондӯстиву самимияти миллати мо арзёбӣ кард.
Раиси Шӯрои собиқадорони донишгоҳ Мавлоно Исмоилов зикр кард, ки боиси ифтихор ва арҷгузорист, ки бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ ба муносибати «Рӯзи байналхалқии куҳансолон», иди пирони кор, пирони ақл, дуокунандагону тарбиятгарони асил, роҳнамоёни зиндагии босаодат ин маҳфили хуб дар донишгоҳамон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот собиқадорони донишгоҳ андешаҳои хешро доир ба рушду инкишофи ин маъвои хирад ва тарбияи мутахассисони баландихтисос баён намуданд. Ба иштирокдорони мулоқот туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов тақдим гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






