Таҷлили Рӯзи забон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Душанбе, 03.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). – 2 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев ҳозиронро бо Рӯзи забон, ки ҳар сол 5 октябр таҷлил мешавад, муборакбод намуд. Мавсуф мақоми таърихии забони тоҷикро чун забони расмии давлатӣ хотирнишон сохта, иброз дошт, ки забони давлатӣ бояд аз ҳаргуна олудагиҳо нигоҳ дошта, ҳамаҷониба рушду такмил дода шавад.
Дар чорабинии ботантана ҳамчунин шоира Шаҳрияи Аҳтамзод, сардори шуъбаи ҳуқуқи кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати ҶТ Мансури Шодмон Ҷамолиддинзода сухан карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






