Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар «Тоҷикстандарт»

Октябрь 3, 2014 15:36

Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот иштирок намуданд. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукурзода доир ба таърихи забони давлатӣ, мақому манзалати он дар худшиносиву худогоҳии миллӣ ва татбиқи босамари қонуни забони давлатӣ дар «Тоҷикстандарт» маърӯза кард. Сипас, мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Маҳмад Муродов ва мутахассиси ҳамин бахш Амирҳамза Сатторов доир ба паҳлуҳои гуногуни татбиқи қонуни забони давлатӣ, бахусус дуруст истифода бурдани калимот, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва амсоли инҳо баромад намуданд.

Октябрь 3, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд