Таассуроти роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР пас аз мулоқот бо Э. Раҳмон

Октябрь 15, 2014 17:21

Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ   аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. 
Баъди мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, аз ҷумла  Консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Муҳаммадназар Мирзода чунин изҳори андеша намуд:
— «Дар вохӯрии имрӯза, ки беш аз 20 нафар роҳбари ҷамъиятҳои тоҷикони   Федератсияи Русия ширкат доштанд, масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи  Русия мавриди муҳокима қарор гирифт.  Ман ба Сарвари Давлат дар бораи   зиндагии ҳамватанони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград иттилоъ додам. Боиси ифтихор аст, ки дар айни ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург зиёда аз 47 олим-намояндаи тиб сарбаландона фаъолият дошта, дар мадди назари  ин минтақа қарор доранд ва чанд нафари онҳо бо дастгирии ҳукумат соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи бунёди оила бо шаҳрвандони дигар кишварҳо диққати махсус зоҳир гардид».
Муқим Майбалиев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер пас аз мулоқот гуфт, ки: «Имрӯз мо бо Президенти кишвар тамоми мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро дар суҳбати ошкоро баррасӣ кардем. Суҳбат бисёр самимӣ буд. Ман фикр мекунам, ки масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ин дуюмдараҷа аст, асоси зиндагии имрӯза ин ваҳдат аст. Дар мулке, ки сулҳу ваҳдат ва тинҷӣ аст, соҳибкорӣ ҳам вусъат меёбад. Мо намояндагони тоҷикони Русия кӯшиш мекунем, ки ҷавонони мо гумроҳ нашаванд, фарҳангу маърифати тоҷиконро фаромӯш насозанд ва коре кунем, ки поягузори дӯстии ду миллати ба ҳам бародар- Тоҷикистону Русия бошем».
 Ҳамчунин пас аз мулоқот Нағзибек Нағзибеков, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Краснодар гуфт, ки:. «Ҳамаи проблемаҳое, ки дар ҳаёти тоҷикони муқими Русия ҷой доранд, ба роҳбари давлат расонидем ва изҳори боварӣ дорем, ки онҳо дар як муддати муайян ҳалли худро меёбанд.   Ман изҳори боварӣ дорам, ки натиҷаҳои ин мулоқот ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон такони тоза хоҳад бахшид.
 Роҳбари ҷамъияти «Мадад»-и намояндагии шаҳри Сочи Фаррух Миров зикр кард, ки: «Дар шаҳри Сочи зиёда аз 15 ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд. Мо бисёр хурсандем, ки Роҳбари Давлат аз ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ бохабар аст ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Тоҷикони муқими Русия минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ин ду кишвари ба ҳам дӯст хоҳанд буд».
Раиси ҷамъияти тоҷикони Адигей ва Иркутск  Муҳибхон Зарифов иброз намуд, ки: «Ман бисёр хурсандам, ки бо шарофати Сарвари кишвари тоҷикон бо даъвати ӯ бори дигар ба дидори ҳамватанон расидам. Аз фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накуяшон соҳиби обрӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Русия манфиатдоранд».
 Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон аз ин вохӯрӣ изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки ин вохӯрии муҳим натиҷаҳои судбахш хоҳад дод. 
 
 
 

Октябрь 15, 2014 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд