Тадбирҳои зидди гирдиҳамоиҳо тақвият меёбанд
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Тоҷикистон тадбирҳои зидди гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро тақвият медиҳад. Дар ин росто 15 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба моддаи 15-и лоиҳаи қонуни мазкур иловаҳо ворид намуданд.
Саодат Амиршоева -вакили Маҷлиси зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки зарурати ворид намудани иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавие, ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд, инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ мебошад.
Вакилони Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»тағйиру иловаҳо ворид намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






