Тахсиси 250 миллион евро барои иқтисодиёти ҶТ
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Иттиҳоди Аврупо тайи 5 соли наздиктарин барои иқтисодиёти Тоҷикистон 250 миллион евро ҷудо карданист.
Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ — сафир Ҳидоят Бишчевич дар нишасти матбуотӣ ба муносибати аз 25 октябр то 2 ноябр дар Тоҷикистон доир шудани Ҳафтаи Аврупо дар ин бора хабар дод.
«Мо дар амри ба Тоҷикистон расонидани чунин ёрӣ мустақиман иштирок менамоем. Самтҳои афзалиятноки маблағгузориро бахшҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Мо ҳамчунин омодаем, ки дар риштаҳои энергетика, нақлиёт ва бунёди инфрасохтор ҳамкорӣ намоем», — гуфт Ҳидоят Бишчевич.
Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба фаъолияти пештарааш дахл карда, зикр намуд, ки дар гузашта ба фаъолияти журналистӣ машғул буда, баъдтар ба ҳайси сафири Иттиҳоди Аврупо дар Туркия ва Русия кор мекард.
«Мо дар ҷараёни мулоқот ба таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори умедворӣ карда, зикр намудем, ки Барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014 – 2020 ҷиҳати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳот рӯи кор оварда мешавад. Мо ҳамчунин перомуни масоили минтақавию байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, амният, вазъияти Афғонистон ва масоили дигари мубрам табодули афкор намудем», — афзуд Ҳидоят Бишчевич.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






