Тахсиси 250 миллион евро барои иқтисодиёти ҶТ

Октябрь 17, 2014 12:25

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). –  Иттиҳоди  Аврупо  тайи  5  соли наздиктарин  барои иқтисодиёти  Тоҷикистон  250  миллион  евро ҷудо  карданист. 
Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди  Аврупо дар  ҶТ  — сафир Ҳидоят  Бишчевич  дар нишасти  матбуотӣ  ба  муносибати  аз  25  октябр то  2  ноябр  дар  Тоҷикистон  доир  шудани  Ҳафтаи  Аврупо  дар  ин бора  хабар  дод.
«Мо  дар  амри  ба  Тоҷикистон  расонидани  чунин  ёрӣ  мустақиман иштирок  менамоем.  Самтҳои  афзалиятноки  маблағгузориро  бахшҳои  тандурустӣ,  маориф,  кишоварзӣ  ташкил  медиҳанд. Мо  ҳамчунин  омодаем, ки  дар  риштаҳои энергетика,  нақлиёт ва бунёди  инфрасохтор ҳамкорӣ  намоем», —  гуфт Ҳидоят  Бишчевич. 
Сафири  нави  Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон  ба  фаъолияти пештарааш  дахл  карда,  зикр  намуд, ки  дар  гузашта  ба  фаъолияти  журналистӣ  машғул  буда,   баъдтар  ба  ҳайси  сафири  Иттиҳоди  Аврупо  дар  Туркия  ва  Русия  кор  мекард.
«Мо  дар  ҷараёни  мулоқот ба  таҳкиму   густариши  минбаъдаи   муносибатҳои  дуҷонибаи Тоҷикистон  ва  Иттиҳоди  Аврупо  изҳори  умедворӣ  карда,  зикр  намудем, ки  Барномаи  дуҷонибаи  ҳамкорӣ  барои  солҳои  2014 – 2020  ҷиҳати татбиқи  минбаъдаи  лоиҳаҳо  дар  бахшҳои  маориф,  тандурустӣ  ва рушди  деҳот рӯи  кор  оварда  мешавад. Мо  ҳамчунин  перомуни  масоили   минтақавию  байналмилалӣ,  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  энергетика, амният,  вазъияти  Афғонистон  ва  масоили  дигари  мубрам табодули  афкор  намудем»,  —  афзуд  Ҳидоят  Бишчевич.

Октябрь 17, 2014 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд