Тамдиди хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). – Шаҳрдории Душанбе баъзе хатсайрҳои сӯйи Маҷмааи савдои «Пойтахт – 90» — и нақлиёти ҷамъиятиро дароз кард.
Тавре ки котиби матбуоти шаҳрдорӣ Шавкат Саидов хабар дод, акнун мошинҳои мусофирбари №2 ва №25 то Маҷмааи савдои «Пойтахт – 90» ҳаракат мекунанд. Ҳоло таҳқиқи масъалаи тамдиди роҳҳои ҳаракати мошинҳои дигари мусофирбари шаҳр то маҷмааи мазкур идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи савдои «Пойтахт – 90» се ошёна дошта, дар ошёнаи якум 27 мағоза, дар ошёнаи дуюм 28 мағозаю 2 қаҳвахона ва дар ошёнаи сеюм се нуқтаи хӯроки зудтайёр ва тарабхона ҷойгиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






