Таъмини Маркази барқу гармидиҳӣ бо ангишт
Душанбе, 08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, барои таъмини Маркази барқу гармидиҳӣ бо ангишт дар вохўриҳо бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва соҳибкорони ватанӣ моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, дастурҳои мушаххас медиҳад.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд, то имрўз корхонаҳои соҳаи ангишт истихроҷи ангиштро ба беш аз 600 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 237 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки саҳми корхонаҳои давлатӣ назаррас буда, 80 дарсади ангишти истихроҷгардидаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки дар айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳа ва нуқтаҳои фурўш зиёда аз 70 ҳазор тонна ангишти хушсифат мавҷуд мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






