Таъмини нафақахӯрон бо кортҳои пардохтии бонкӣ
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-«Аз охири моҳи сентябри соли ҷорӣ нафақагирони ноҳияи Рӯдакӣ пурра ба низоми “Пардохт тариқи кортҳои бонкӣ” гузашта, минбаъд нафақаи худро бо кортҳои пардохтии «Амонатбонк» бемамоният аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрас менамоянд.
Тибқи иттилои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» филилаи бонк дар ноҳияи мазкур минбаъд ба нафақагирони ноҳия, ки шумораашон 20 ҳазору 593 нафар аст, бо тарзи нав, яъне бо кортҳои пардохтӣ хизматрасонӣ менамояд.
«Рӯзҳои наздик нафақагирони ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Спитамен, Фархор, Муъминобод, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Файзобод, Шаҳринав, Варзоб ва Шуғнон пурра бо кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин мешаванд, ки шумораи умумии нафақагирони ноҳияҳои мазкур беш аз 95 ҳазор нафарро ташкил медиҳад»-илова менамояд манбаъ.
Айни ҳол «Амонатбонк» дар миқёси ҷумҳурӣ дорои 132 банкомат ва 428 адад ПОС-терминал аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






