Таъмини талаботи аҳолӣ бо қарз
Душанбе, 02.10..2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Таҳлил ва ҷамъбасти бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи августи соли равон нишон дод, ки нишондиҳандаи мазкур ба 8 млрд 944,6 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,9 фоиз зиёд шудааст. Чун моҳи гузашта дар ин давра низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3 865,9 млн. сомониро ташкил дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24,95 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,23 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Бинобар зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд ҳаҷми ин намуди хизматрасонии бонкӣ дар моҳи август раванди афзоишро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28,6 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла, ба маблағи 745,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1 фоиз зиёд мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






