Тарабхонаи «Тоҷикистон»- дар хизмати сокинон
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Тоҳир Ҷумъаев ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тарабхонаи хуштарҳу замонавии «Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд. Тоҳир Ҷумъаев дар рӯзи ба фаъолият шурӯъ намудани ин тарабхона маросими хатнасури 20 нафар фарзанди оилаҳои камбизоатро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, барои ин кори хайр ва иқдоми нек ба соҳибкор изҳори сипос кард.
Тарабхона бо маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 40 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуд. Музди миёнаи маоши кормандони он ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






