Ташрифи Илҳом Алиев ба Тоҷикистон
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ«Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Шоми дирӯз, 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро дар «Фурудгохи байналмилалии Душанбе» Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода истиқбол намуд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Озарбойҷон дар доираи сафари расмии дурӯзаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Душанбе ва Бокуро матраҳ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






