Ташрифи Кунио Микурия ба Душанбе
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Меҳмони олиқадрро муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Неъматбой Раҳматов, муовин полковники хадамоти гумрук Тоҳир Нуров ва ҳайати шахсии хадамот ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре ки аз дафтари матбуоти хадамот иттилоъ доданд, мувофиқи барнома имрӯз дар Хадамоти гумрук Дабири кулли Созмони ҷаҳонии Гумрук Кунио Микурия бо сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ вохӯрӣ анҷом медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






