Таъсиси Маркази тестӣ дар ДДХ
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи Бобоҷон Ғафуров Маркази тестӣ таъсис дода шуд.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, ҷиҳати ба роҳ мондани раванди фаъолияти Маркази тестӣ бахшҳои таъминоти барномавии маркази тестӣ, сифати маводи таълим, аппелятсия ва кор бо қарздорон низ таъсис дода шуд.
Тибқи иттилои манбаъ феълан Маркази тестии донишгоҳ расман ба фаъолият оғоз намудааст ва дар навбати аввал гузаронидани санҷишҳои омӯзиширо ба роҳ монданист ва шуруъ аз моҳи январи соли 2015 тамоми санҷишу имтиҳоноти донишгоҳ аз тариқи Маркази тестӣ роҳандозӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки ин тадбир ба хотири боз ҳам шаффофу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир гузаронидани марҳилаҳои санҷишу имтиҳоноти донишҷӯён мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






