Таъсиси сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар ДДХ
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои миллӣ ифтитоҳ гардид. Сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои миллӣ бо дастгоҳҳо, мошинҳо, асбобу афзорҳои зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, дар сехи дӯзандагӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмӯҳлати омӯзиши технологияи корҳои дӯхтани сару либосҳои миллию замонавӣ ва ҳунарҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ба хатмкунандагони ин курсҳои омӯзишӣ шаҳодатнома ё худ сертификати намунаи махсус супорида мешавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






