Тавҳидӣ: «Қонуни асосии Тоҷикистон воқеан аз ғояҳои башардӯстона иборат аст»

Октябрь 15, 2014 11:08

Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ба ифтихори 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ — тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон матни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳуруфи форсӣ зери унвони «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расонид. Муҳаққиқ ва баргардонандаи матн шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Тавҳидии Ҷонбоз —  фориғуттаҳсили бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон ва дар айни замон донишҷўи соли охири ҳуқуқи байналмилалии умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки оқои Алӣ Тавҳидӣ ба маъюбии худ нигоҳ накарда, бо эҳтироме, ки нисбат ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доштааст, хеле орифона ва нуктасанҷона  ин матни муқаддасоти Тоҷикистонро таҳқиқ ва баргардон намудааст.
«Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз ғояҳои башардӯстона иборат буда, он инъикоскунандаи суннатҳои ғании халқи тоҷик маҳсуб мешавад, ки аз барҷастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгон ва мероси бузургони таъриху адабиёт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарчашма мегирад ва бемуҳобот он ҳамчун яке аз конститутсияҳои демократитарин  дар байни кишварҳо маҳсуб меёбад», — гуфт зимни суҳбат Алӣ Тавҳидӣ.         
 
 

Октябрь 15, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе