Тавҳидӣ: «Қонуни асосии Тоҷикистон воқеан аз ғояҳои башардӯстона иборат аст»
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ба ифтихори 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ — тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон матни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳуруфи форсӣ зери унвони «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расонид. Муҳаққиқ ва баргардонандаи матн шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Тавҳидии Ҷонбоз — фориғуттаҳсили бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон ва дар айни замон донишҷўи соли охири ҳуқуқи байналмилалии умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки оқои Алӣ Тавҳидӣ ба маъюбии худ нигоҳ накарда, бо эҳтироме, ки нисбат ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доштааст, хеле орифона ва нуктасанҷона ин матни муқаддасоти Тоҷикистонро таҳқиқ ва баргардон намудааст.
«Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз ғояҳои башардӯстона иборат буда, он инъикоскунандаи суннатҳои ғании халқи тоҷик маҳсуб мешавад, ки аз барҷастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгон ва мероси бузургони таъриху адабиёт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарчашма мегирад ва бемуҳобот он ҳамчун яке аз конститутсияҳои демократитарин дар байни кишварҳо маҳсуб меёбад», — гуфт зимни суҳбат Алӣ Тавҳидӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






