Таваҷҷуҳи ширкати Русия ба бозори Тоҷикистон
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони Гурӯҳи мошинсозии «КРАНЭКС» — и шаҳри Ивановои Федератсияи Русия баргузор гардид.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот мушовири Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Тоштемиров ширкат дошт.
«Мулоқот бо иштироки намояндагони бархе вазорату идораҳои кишвар, ҳамчунин роҳбарони корхонаҳои «Агротехсервис», «Агробизнеси Тоҷикистон», Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии «Таҷам», Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Тиком», «Наврӯз ва М», ТАТСИАД аз таваҷҷуҳи ҷонибайн ба рушди ҳамкорӣ бо мушорикони Русия ва барқарор намудани равобити мутақобилаи муфид шаҳодат медиҳад», — зикр намуд сардори шуъбаи кор бо аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ Сайёра Абдуллоева.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони корхонаҳои «Агротехсервис», «Агробизнеси Тоҷикистон» масоили роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкати зикршудаи шаҳри Ивановоро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






