Тавзеҳи қонунҳои конститутсионӣ аз сӯи аъзои КМИР
Душанбе, 12.10.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).- Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе силсила-семинарҳои омӯзишӣ бо аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинарҳои омӯзишӣ аъзо ва кормандони дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну мӯҳтавои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба баргузории интихоботро шарҳ доданд.
Абдуманнон Додоев-роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷараёни семинарҳои омӯзишӣ муҳтавои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»,«Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва инчунин дастурамалҳое, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ гардидаанд, тавзеҳ дода шуданд. Чунин семинарҳои омӯзишӣ дар бархе аз навоҳии вилояти Хатлон низ гузаронида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






