Тири нашъаҷалоб хок хӯрд
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархӯҷа Шарипови 33- сола бо ҷурми даст доштан дар нашъаҷалобӣ дастгир шуд.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, шаҳрванд Шарипов С. миқдори муайяни маводи мухаддири навъи «афюн»-ро аз шаҳрванди давлатии Исломии Афғонистон дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади ба фурӯш баровардан харид намудааст.
Мутобиқи ташхиси лабораторӣ маводи гирифташуда навъи афюн буда, вазни холиси он 9 кг 334 граммро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






