Тоҷикистон ба вақти “зимистона”намегузарад
Душанбе,08.10.2014 (АМИТ“Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Аз 26-уми октябри соли равон аз соати 03:00-и шаб ба вақти маҳаллӣ тафовути вақт миёни Тоҷикистону Русия ду соатро ташкил мекунад.
Бино ба иттилои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 6-и Аҳднома “Дар бораи ҳамкорӣ бобати таъмини ягонагии андозаи вақт ва басомад”, ки дар даҳаи якуми октябри соли 1992 аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо гардид, якчанд кишвари аъзо 26-уми октябри соли равон аз соати 2:00-и вақти Маскав ба вақти “зимистона” мегузаранд ва ақрабаки соат як соат қафо бурда мешавад.
Тоҷикистон аз соли 1991 ба вақти “зимистона” намегузарад, аз ин рӯ дар қаламрави ҷумҳурӣ ақрабаки соат қафо бурда намешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






