Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ду зина боло рафт

Октябрь 24, 2014 11:11

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави FIFA(Федератсияи байналмилалии футбол), ки дирӯз 23-юми октябр нашр шуд, бо 214 имтиёз ду зина боло рафт ва дар мақоми 134-ум қарор дорад.
Тавре Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё ду зина боло — ба ҷойи 18-ум — баромад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешқадам аст. Мунтахаби Узбакистон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи  Ҷанубӣ дар ҷойи севум мебошанд.
 Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз Туркманистон (138) ва Қирғизистон (150) боло ҷойгир шудааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. 

Октябрь 24, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад