Тоҷикистону Эрон дар арзҳои дӯстӣ

Октябрь 10, 2014 16:31

 
        Душанбе, 10.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Эрон  10 октябр дар Душанбе дар ҷараёни мулоқоти раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ -раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон матраҳ гардид.
 Зикр шуд, ки Тоҷикистону Эрон дорои таърих, фарҳанг, забон ва ойини муштарак мебошанд, ки он дар тақвияти равобити гуногунсоҳаи ду кишвари дӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст.  
С. Хайруллоев нақши Шабистариро ҳамчун Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар густариши муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.  С.Хайруллоев  гуфт, ки  Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон умедвор аст, ки дар оянда ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар дар чаҳорчӯбаи анҷуманҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон  таҳким хоҳанд ёфт.
   Раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар навбати худ тақвияти ҳамкориҳои ду ниҳоди фарҳангии Тоҷикистону Эронро муҳим маънидод кард.
           Дар вохӯрӣ раиси Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов ва муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова ширкат намуда, андешаҳои худро доир ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар изҳор намуданд. 
 
 

Октябрь 10, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст