Туркманистон дар Ҷиликул мактаб месозад
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳукумати Туркманистон бо харҷи 3, 5 миллион $ барои фарзандони оилаҳои туркмантабори хоҷагии «Эргаш Султонов» -и ноҳияи Ҷиликул, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, мактаби замонавӣ бунёд менамояд.
Дар иртибот ба ин 15 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бино (маҷмӯи биноҳо)-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махдумӯулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин, ки санади мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ аз ҷониби Ҳукумати Туркманистон дар доираи ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду кишвар барои 540 нафар хонанда сохта мешавад.
Дар бунёди мактаби мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликул ва Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдор маҳсуб ёфта, аз ҷониби онҳо бобати бунёди сохтмони маҷмӯи биноҳои мактаби мазкур тендер эълон мешавад. Дар тендер ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Баъди муайян гардидани пудратчии бунёди мактаби мазкур корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз мегарданд.
Хамзамон дар асоси ин созишнома ҷониби Туркманистон ҷиҳати овардани таҷҳизот аз пардохти ҳама гуна андозҳо ва дигар боҷу хироҷ озод мешавад. Зикр шуд, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тасдиқ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






