Вохӯриҳои И. Сатторов дар Санкт-Петербург
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар доираи сафари дурӯза ба Санкт-Петербург сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов як қатор вохӯриҳо гузаронд.
Хусусан, И. Сатторов бо президенти Палатаи Савдо ва саноати Санкт-Петербург Владимир Катенев мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи савдою иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Созишҳо оид ба ҳамкорӣ дар чунин соҳаҳо , энергетика, саноати кӯҳӣ, хоҷагии қишлоқ ва коркарди сабзавоту мева ба даст омаданд.
Ҳамчунин, дар Иттиҳодияи сохтмончиёни Санкт-Петербург И. Сатторов бо намояндагони аҳли тиҷорати минтақа вохӯрд. Зимни вохӯрӣ масоили вусъати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва ин минтақаи Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






