Вохӯрии Шариф Раҳимзода бо Кунио Микурия
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва созмони мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, аз сатҳу сифати робитаҳои тарафайн дар давоми ин солҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки баъди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо кишварамон баҳри таъмини уҳдадориҳояш дар назди ин созмон, аз ҷумла дар самти гумрук кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи ҷорӣ намудани «Равзанаи ягона» дар кишвар, хубтар ба роҳ мондани мубодилаи иттилоотӣ байни хадамотҳои гумрукии кишварҳои ҳамҷавор, дастгирии Созмони ҷаҳонии гумрук дар самти омодасозии кадрҳо ва таъминоти техникӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ баён доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






