Ёрии Русия ва БРСММ барои аҳолии деҳоти Тоҷикистон
Душанбе,17.10.2014.(АМИТ«Ховар», Екатерина Пасторова). -Созишнома миёни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар бораи ба роҳ мондани лоиҳаи «Беҳтарсозии некӯаҳволии як миллион аҳолии деҳоти дар нӯҳ ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматкунанда», ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешаванд, 21 октябр дар Душанбе имзо мегардад.
Тибқи иттилои намояндаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон Алексей Рыков, БРСММ дар Тоҷикистон иҷозати Ҳукумати Федератсияи Русияро барои татбиқи ташаббуси сесолаи «Беҳтарсозии некӯаҳволии як миллион аҳолии деҳот дар нӯҳ ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматкунанда», ки ба таъмини рушди устувори иқтисодии деҳоти ноҳияҳои кишвар равона гардидааст, гирифт .
Натиҷаҳои дарозмӯҳлати асосии лоиҳа беҳтарсозии некӯаҳволии аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ мебошад. Барои ноилшавии натиҷаҳои мазкур дар нақшаи миёнамӯҳлат дар назар аст, ки лоиҳа ба баланд бардоштани машғулиятҳо ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар нӯҳ ноҳияи осебпазири Тоҷикистон бо назардошти иқтидори иқтисодии онҳо мусоидат намояд.
Дар маросими имзо намояндагони ҳукумат, сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои донории дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, ҳамчунин созмонҳои дигари миллӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






