«Забон- ҳастии миллат»: мизи мудаввар
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон ҳастии миллат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тибқи иттилои Маҳбуба Гулова, корманди вазорат, дар чорабинӣ олимони забоншинос, шоирон, донишҷӯён ва кормандони ВКД дар нақлиёт иштирок намуданд.
Муовини сардори РВКДН Атобек Имомёрбеков таъкид намуд, ки: «Ҳеҷ чиз дар олам муқаддастар ва азизтар аз забон нест. Инсон бо забони ширину гуворои худ аз тамоми махлуқот фарқ мекунад. Устод Лоиқ дар ашъори ҷовидонаи худ таъкид мекунад, ки касе забони модариро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ гуфтааст, ки забони тоҷикӣ — забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад. Ҳар шахс бояд забонро ғанӣ гардонад. Ҳар нафаре, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, вай инсони комил нест».
Дар ҷараёни чорабинӣ забоншиносони барҷастаи кишвар дар мавзӯъҳои «Забон ва ҳуввияти миллӣ», «Забон ва Истиқлолият» ва оид ба саҳми забони тоҷикӣ дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин музокира ва мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокчиён доир ба аҳамият ва моҳияти забон дар инкишофи илму дониш ва пешрафти ҷамъият ибрози назар намуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






