«Забон- ҳастии миллат»: мизи мудаввар

Октябрь 2, 2014 10:24

Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-   Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба рӯзи забони давлатӣ  дар мавзӯи «Забон ҳастии миллат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тибқи иттилои Маҳбуба Гулова, корманди вазорат, дар чорабинӣ олимони забоншинос, шоирон, донишҷӯён ва кормандони ВКД дар нақлиёт иштирок намуданд.
Муовини сардори РВКДН   Атобек Имомёрбеков таъкид намуд, ки: «Ҳеҷ чиз дар олам муқаддастар ва азизтар аз забон нест. Инсон бо забони ширину гуворои худ аз тамоми махлуқот фарқ мекунад. Устод Лоиқ дар ашъори ҷовидонаи худ таъкид мекунад, ки касе забони модариро надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ гуфтааст, ки забони тоҷикӣ — забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад. Ҳар шахс бояд забонро ғанӣ гардонад. Ҳар нафаре, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, вай инсони комил нест». 
Дар ҷараёни чорабинӣ забоншиносони барҷастаи кишвар дар мавзӯъҳои  «Забон ва ҳуввияти миллӣ»,   «Забон ва Истиқлолият» ва   оид ба саҳми забони тоҷикӣ дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин музокира ва мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокчиён доир ба аҳамият ва моҳияти забон дар инкишофи илму дониш ва пешрафти ҷамъият ибрози назар намуданд.
 
 
 

Октябрь 2, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд