Забон- омили асосии рушду камолоти миллат
Душанбе, 02.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Забон- омили асосии рушду камолоти миллат ”-таҳти чунин шиор бахшида ба Рўзи забони давлатӣ дирўз бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иштироки васеи наврасону ҷавонон машварат доир гардид, ки дар кори он муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат Мавсума Муинӣ ва муовини Раиси ноҳия Файзӣ Қосимова сухан гуфтанд. Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокчиён оид ба гиромидошт ва пос доштани забони давлатӣ, доир ба дастовардҳои мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи 23 соли соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ҷавонон суҳбат намуданд.
Дар чорабинӣ чанд озмуни маърифативу варзишӣ, ки бахшида ба ин сана миёни ҷавонон доир гардида буд, ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






