Задухӯрди мусаллаҳона байни гурӯҳҳои «Ҳути» ва «Ал-Қоида»

Октябрь 17, 2014 15:53

Душанбе,17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз дар қисми марказии Яман  байни аъзои гурӯҳи «Ҳути» ва ҷангиёни шабакаи террористии «Ал-Қоида» задухӯрди мусаллаҳона ба  амал омад, ки дар паи он аз ҷонибҳо 10 нафар ба ҳалокат расид. Мувофиқи иттилои расида корвони мошинҳои низомии гурӯҳи «Ҳути» ҳангоми ворид шудан ба шаҳри Иббии Яман  дар роҳ ба ҳамлаи ҷангиёни «Ал-Қоида» дучор омад. 
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони мақомоти полиси Португалия дар яке аз минтақаҳои наздисоҳилӣ бо гумони интиқоли маводи мухаддир як киштии мусофиркашонро, ки дар дохили он ду нафар шаҳрванди хориҷӣ қарор дошт, боздошт намуданд. Ҳангоми гузаронидани тафтиш аз дохили киштӣ дар ҳаҷми 600 килограмм маводи мухаддири навъи кокаин дарёфт ва мусодира шуд. 
 
 Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар минтақаи Мананги, воқеъ дар мавзеи қаторкӯҳҳои Ҳимолойи Непал лағжиши қитъаи замин ва тарма ба амал омад.  Гурӯҳи наҷотдиҳӣ ахиран ҷасади 10 нафарро аз зери барфтӯдаҳо берун баровард. Тибқи иттилои расида, шумораи қурбониёни ин ҳодиса торафт меафзояд.  Бояд гуфт, ки аксарияти фавтидагонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил мекунанд.
Душанбе,17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои ИТАР ТАСС шаби гузашта  дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадастон дар қисми шимолии нимҷазираи Синайи Миср ду нафар корманди полис  ба ҳалокат расида, 3 тани дигар маҷрӯҳ гардид. Силоҳбадастон мошини кормандони мақомоти полисро бо истифода аз силоҳи оташфишон мавриди ҳамла қарор доданд. Бояд гуфт, ки пас аз ин ҳодиса дар минтақаҳои наздишаҳрӣ назорат пурзӯр карда шуд.      
 
Душанбе,17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази шаҳри Анзегеми Белгия дар ибодатгоҳи таърихӣ, ки ба асри  12 мансуб аст, сӯхтор ба амал омад. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ тавонистанд оташсӯзиро дар ҳол хомӯш намоянд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар масъулини ибодатгоҳ кӯшиш доштанд, ки дар дохили бино таъмир гузаронда, ин иншооти қадимаро дар шакли аввалааш барқарор намоянд, вале ногаҳон сӯхтор ба амал омад.  
 
Душанбе,17.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Рашн Тудей» аз сабаби боришоти барфи зиёд  дар вилояти Ярослави Федератсияи Русия ба  аҳолии минтақа  мушкилиҳои зиёд  овардааст. Ин ҳолат баробари ба ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт монеаҳо пеш овардан, боиси сар задани садамаҳои зиёд гардид. 
 

Октябрь 17, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд