111 нафар аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуд
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2014» мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди миллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки мақсад аз он пешгирии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ошкор намудани фаъолияти гурӯҳҳо ва ташкилоту корхонаҳое, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ машғуланд, мебошад.Дар марҳилаи якуми амалиёт нисбат ба 216 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва қабулкунандагони онҳо, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, мутобиқи талаботи моддаҳои 138, 470 ва 499-и Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо дар асоси ҳалномаҳои судӣ ба фоидаи давлат 29 ҳазору 459,1 доллари ИМА ҷарима ситонида шуд. Ҳамзамон бо қарорҳои дахлдори судӣ аз 216 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд, 111 нафараш аз қаламравӣ ҷумҳурӣ берун карда шуд.Бояд зикр намуд, ки бо иштироки фаъоли кормандони Хадамоти муҳоҷират зимни ин амалиёт 13 нафар ҷинояткор, ки барои содир кардани ҷиноят дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дастгир шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






