Ғолибони беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Имрӯз дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғолибони озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014 таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ изҳор дошт, ки дар ҷомеаи муосир нақши иттилоот ҳамчун як рукни маънавиёт басо муҳим буда, касби рӯзноманигорӣ аз касбҳои бонуфуз ва дар айни ҳол масъулиятталаб ба ҳисоб меравад.
Таъкид шуд, ки ҳадаф ва вазифаҳои озмун аз дастгирии журналистон ва кормандони расонаҳои иттилоотии вилоят, сари вақт иттилоотонии ҷомеа бо равандҳои рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона ва асосноки дигаргуниҳои ҳамарӯза ва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои доғи рӯз иборат буд ва ба он 45 нафар хабарнигори расонаҳои хабарии вилоят, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, мавод пешниҳод намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ёдовар шуд, ки дар озмуни мазкур масъалаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, журналистон маводи худро бо мавзӯъ ва масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ, ташкил ва таҷдиди сохтори хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, соҳиби ҳақиқии замин гардидани деҳқонон, масъалаҳои марбут ба саноат, нақлиёт ва роҳсозӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, навоварӣ дар риштаи саноат ва иқтисод, «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҳакамон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






