Қаҳрамонии боз як фарзанди тоҷик муайян гардид
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар арафаи 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм қаҳрамонии боз як фарзанди тоҷик Қӯчқорбой Канаев, ки соли 1944 бо ордени “Барои шуҷоат” сарфароз гардида буд, муайян гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ордени ин фарзанди шуҷои Ватан, ки дар марзи Ҷумҳурии Беларус зимни корҳои ҷустуҷўӣ чанде қабл ёфт шуд, дар фазои тантанавӣ ба наздиконаш тақдим гардид.
Ба ин муносибат дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Қайроққум ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов баргузор гашт.
Қӯчқорбой Канаев зодаи деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроққум буда, соли 1943 барои ҳимояи Ватан ба майдони ҷанг рафтааст. Номбурда дар якчанд муҳорибаи хунин иштирок намуда, аз худ корнамоиҳо нишон додааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов зикр дошт, ки соли равон зимни корҳои ҷустуҷўӣ қабри 68 нафар иштирокчии ин ҷанги хонумонсӯз дарёфт гардид. Зимни корҳои ташхиси озмоишгоҳӣ ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои шахсӣ муайян гашт, ки яке аз онҳо фиристодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯчқорбой Канаев мебошад. Номбурда соли 1944 зимни амалиёти махсус зиёда аз 15 нафар аскари немисро нобуд менамояд ва ба ин васила ба ақибнишинии душман заминаи мустаҳкам мегузорад. Ин корнамоии шаҳрванди Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ӯро бо ордени “Барои шуҷоат” сарфароз мегардонанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






