Қабули Қонун «Дар бораи назорати содирот»
Душанбе, 13.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
«Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо назардошти шартҳои нави Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва Созишнома оид ба тартиби ягонаи назорати содироти давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, инчунин бо истифода аз таҷрибаи қонунгузории дигар кишварҳо таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои баррасӣ ба Парлумон ироа гардидааст», гуфт дар назди вакилони Парламони мамлакат Шариф Раҳимзода -вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Вазир афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур принсипҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷиро дар бораи назорати содирот вобаста ба молҳо, ашёи хом, иттилоот, кору хизмтрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳо, таъминоти барномавӣ ва молҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, дигар намуди аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар содир намудани амалҳои террористӣ истифода мегарданд, муқаррар менамояд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он, назорати содироти маҳсулоти таъминоти ҳарбӣ ва инчунин фароҳам овардани шароит барои ҳамгироӣ дар сатҳи ҷаҳонист. Қабули қонуни мазкур барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки амалиёти содирот вобаста ба молҳо, ашёи хом, иттилоот, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳо, таъминоти барномаҳо ва молҳое, ки ҳангоми истеҳсоли силоҳи қатли ом ва техникаи ҳарбӣ истифода мешаванд, заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам меорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






