Қабули эътимоднома аз сафирони нави 10 давлати ҷаҳон

Ноябрь 18, 2014 11:58

Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 10 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.Зимни маросими расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон Мирослав Ниязов, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сафири Иттиҳоди Аврупо Ҳидайет Бишчевич, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Улиси Канчули, Сафири Австралия Пол Эндрю Майлер, Сафири Зеландияи Нав Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, Сафири Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Сафири Словения Примож Шелиго, Сафири Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Сафири Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт эътимоднома супурданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба мақоми олии сафирони давлатҳои худ табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Тоҷикистон ва минтақаи мо саҳми намоёни худро мегузоранд.

Ноябрь 18, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад