Қабули эътимоднома аз сафирони нави 9 давлати ҷаҳон
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати дигар эътимоднома қабул намуд.Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, сафири Ҷумҳурии Ирландия Оун О’Лири, сафири Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, сафири Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, сафири Молдова Андрей Галбур, сафири Малайзия Дато Норъайнӣ, сафири Давлати Исроил Кармела Шамир, сафири Канада Шон Стайл ва сафири Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шуруъ намуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақоми баланд шодбош гуфта, изҳори бовар намуд, ки саҳми онҳо дар тавсиаи робитаҳо ва дастёбӣ ба натиҷаҳои назаррас намоён хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






