Қадрдонии фаъолони созмони тоҷикони Қирғизистон
Душанбе, 03.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба як гурӯҳ фаъолони Созмони тоҷикон ифтихорномаҳои сафоратро тақдим намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Собиров, ки дар ҷашни 20-солагии таъсиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд ҳузур дошт, зимни супурдани мукофотҳои сафорат нақши тоҷикони ин кишварро дар таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар муҳиму шоиста номид.
Дипломати баландпояи кишварамон изҳор дошт, ки дар оянда низ Сафорати Тоҷикистон ҳамкориҳои созандаро бо масъулони Иттиҳодияи тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ густариш хоҳад дод.
Дар ҷамъомади идона, ки 29 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги деҳшӯрои Учқӯрғон бо иштироки васеи намояндагони мақомоти расмии Қирғизистон, вакилон аз ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини ин ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Тоҷикистон баргузор гардид, ба фаъолони созмон мукофотҳои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ва раёсати вилояти Бодканд низ супурда шуд.
Боиси хушҳолии иштирокчиёни маҳфил буд, ки Ҳусниддин Ғафуров, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» ба гурӯҳи калони аъзои созмони ба номи Рӯдакӣ нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии соҳаи тандурустии Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии « Пайванд»-ро тақдим сохт.
Турсунбой Боқир улу, намояндаи Парлумон ва раиси ҳизби сиёсии «Эрк Қирғизистон» ( Қирғизистони озод) аз номи Парлумони кишвар ин ҷашнро ба тоҷикон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати ошноии бештари мардумони кишварҳоямон мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ дастаи ҳунарии «Зебо» барои меҳмонону сокинони деҳшӯрои Учқӯрғон консерти дилангезро пешниҳод намуд. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Чӯрабек Набиев, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дар ҳайати ин ансабл ба Қирғизистон омада, бо садои форами худ мавриди истиқболи гарми ҳамзабонон қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






