Қарзи бефоиз ба бозорҳои шаҳр
Душанбе, 18.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдулоев-раиси шаҳри Душанбе Сарраёсати молияи пойтахтро муваззаф кардааст, ки ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои пойтахт маблағҳои зарурии бефоизро дар давоми соли молиявӣ аз буҷети шаҳр ҷудо намояд. Ин тадбири шаҳрдорӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳои молҳои ниёзи аввалия бобати дахолати молӣ барои харидорию пешниҳодоти номгӯи молҳои алоҳида андешида шудааст. Дар иртибот ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ташкили ярмаркаҳо раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳои марбута ва раисони ноҳияҳои шаҳр дастур дод, ки иқтидори мавҷударо барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр ва роҳ надодан ба таври сунъӣ болобарии нархҳо дар бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ равона намоянд. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 матраҳ гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






