Қатъи роҳи қочоқи нашъа аз Афғонистон ба ИДМ
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар боз як амалиёти бобарори қатъи канали қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пешгирӣ карданд.
Аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ҳудуди шаҳри Душанбе мошини боркаши тамғаи «Dulon» бо гумони интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт гардид. Бо истифода аз саги хизматӣ аз дохили он 64 бастаи маводи навъи ҳашиш, ки вазнаш 35 кг-ро ташкил медод, дарёфт шуд.
Мутобиқи маълумотҳои мавҷуда, маводи мусодирагардида ба вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пинҳонӣ аз вилоятҳои шимолу-шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои интиқоли минбаъдаи он аз тариқи ҳудуди вилояти Суғд ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардидааст.
Бо гумони омода ва содир кардани ҷинояти мазкур ронандаи мошини боркаш дастгир шуд.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур аз парвандаи ҷиноятӣ оғоз гадидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






