Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Дар ҳошияи лоиҳаи байналмилалӣ, ки аксарияти кишварҳоро фаро мегирад, аз 17 то 21 ноябр Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Мақсад аз ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи фарҳанги соҳибкорӣ ва рушди он дар байни ҷавонон аст.
Тавре ки аз Ассосиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, лоиҳаи мазкур бори нахуст соли 2006 дар Британияи Кабир дар амал татбиқ шуда, баъдан хусусияти байналмилалӣ пайдо карда, ҳар сол дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ мешавад. Имсол Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар 153 кишвар рӯи кор омада, соҳибкорони тамоми ҷаҳонро муттаҳид месозад.
Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон дар шахсияти ташкилкунандаи асосии ин чорабинӣ Даниел Заретский ҷониби қабулкунандаи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Имсол дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ ибтикороти нав — Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон роҳандозӣ мешавад, ки мақсад аз он дастгирӣ ва тарғиби соҳибкорӣ дар байни занон аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






