Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Аз 17 то 21 ноябр дар шаҳри Душанде Ҳафтаи таҳсилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ки аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинӣ бо ифтитоҳи ярмаркаи таҳсилотӣ дар Маркази Исмоилия оғоз меёбад. Созмони «Шӯроҳои таҳсилоти байналмилалии Амрико», Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода», Маркази фарҳанги «Бохтар», Барномаи Эрасмус — Хадамоти табодули академии Олмон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази таҳсилотии «Мултикид» иштирокдорони ҳафтаро бо барномаҳои таҳсилотӣ шинос карда, дар бораи имконоти таълиму таҳсил иттилоъ медиҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






