Ҳайати расмии Санкт — Петербург аз Ҳисор боздид менамояд
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова ).- 6 ноябр ташрифоти ҳайати расмии Санкт — Петербург бо роҳбарии губернатори он Георгий Полтавченко, ки то 9 ноябр идома меёбад, оғоз ёфт.
Губернатори Санкт — Петербург дар ҳошияи сафараш аз Маҷмааи ваҳдату эҳёи миллии Тоҷикистон воқеъ дар майдони Дӯстӣ, Боғи Ғалаба, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Боғи пойтахт, мактаби №92 — и пойтахт, корхонаи алюминии Тоҷикистон, корхонаи кабелсозии «Ноқили Талко», Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201 — уми Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ва Қалъаи Ҳисор дидан мекунад.
Назар ба хабари сафорати Русия дар Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаи ин сафар ба имзо расонидани Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ аз рӯи масоили муҳоҷирати меҳнатии байни роҳбарии Санкт — Петербург ва раёсати шаҳри Душанбе, ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкории макотиб дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






