Ҳайати расмии Тоҷикистон аз Дубай баргашт
Душанбе, 5.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз Амороти Муттаҳидаи Араб баргашт. Ҳайати мазкур дар 10-умин даври ҳамоиши ҷаҳонии иқтисоди исломӣ, ки 28-30 октябри соли равон дар шаҳри Дубай доир гардид, ширкат намуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти сарпарастии ноиби раиси Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазир ва Ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум баргузор шуд. Дар Форуми ҷаҳонии иқтисоди исломӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сухан гуфта, доир ба самтҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маълумот дод.Дар ҷараёни ҳамоиш масоили муҳими марбут ба бахшҳои иқтисод ва сармоягузории исломӣ, бахусус таҳкими сармоягузорӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, ворид намудани дастовардҳои технологияи муосир дар заминаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, маориф, экология, тарбияи кадрҳо дар соҳаи бонкдории исломӣ, фаъолсозӣ ва тавсеаи ширкати занҳо ва насли ҷавон дар соҳаи соҳибкорӣ, сармоягузории зербино ва нақлиёт матраҳ гардид. Интизор меравад, ки ҳамоиши ояндаи ҷаҳонии иқтисоди исломӣ 10-15 октябри соли 2015 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






