Ҳалокати пиёдагард дар садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Дирӯз ронандаи мошини тамғаи “УАЗ” Аҳтам Давлатов, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғ ба самти ноҳияи Шаҳринав, дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабо аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Муборак Давлатова, соли таваллудаш 1996 ва Зубайда Давлатова, соли таваллудаш 1958-ро пахш намудааст. Дар натиҷа М. Давлатова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст ва шаҳрванд З. Давлатова бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.Дар ин бора аз ВКД ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






