Ҳамадонӣ: қабули савганди ҳарбӣ

Ноябрь 20, 2014 12:34

Ҳамадонӣ, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар қисми низомии  21-33-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии  Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарияти қисми низомӣ, меҳмонон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд. Дар назди ҳозирон 90 нафар ҷавоне, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2014 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қисми низомии 21-33 шомил гардиданд, савганд ёд карданд. Баъд аз савгандёдкунӣ раиси ноҳия, роҳбарияти қисми низомӣ, меҳмонон ва падару модарон наваскаронро табрик гуфта, зикр карданд, ки ҳифзи марзу буми ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва бояд ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ маҳорату малака омӯхта, барои хизмати Ватан ҳамеша омода бошанд.
Дар ҳамоиш афсарону аскарони қисми низомӣ барои хизматҳои содиқона бо ифтихорнома ва нишонҳо сарфароз гардонида шуданд.  

Ноябрь 20, 2014 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд